Санаи 14-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи филиали кафедра муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Фаридун Толибҷон ва ректори МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо, олимону адибон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Маросимро директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ - Зафари Шариф ифтитоҳ намуда, меҳмонону ҳозиринро ба маросими кушодашавии филиали кафедра хайрамақдам намуданд.
Сипас, Зафари Шариф дар суханронии худ зикр намуданд, ки “тарбияи мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2020 Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки барои тарбияи мутахассисони касбии соҳаи китобдорӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намояд. Ифтитоҳи филиали кафедра низ бо дастгирии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода ва ба дастгирии ректори МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо дар доираи ин дастуру супоришҳо сурат гирифтаистодааст”.
Сипас сухан ба муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Фаридун Толибҷон дода шуд. Мавсуф иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Махсусан барои китобу китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳаи китобдорӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро роҳандозӣ намуданд, ки имрӯз ҳазорон нафар дар ин Озмун ширкат менамоянд ва дониши худро сайқал медиҳанд.
Пас аз суханронии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба ректори МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо дода шуд. Ӯ аз ифтитоҳи филиали кафедра изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки соҳаи китобдориро ривоҷу равнақи бештар диҳем.
Дар охир олимону мутахассисони як қатор соҳаҳо, аз ҷумла директори Нашриёти “Адиб” Р. Мирализода ва сармуҳаррири “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” С. Ҳусайнӣ андешаҳои худро иброз дошта, аз ифтитоҳи филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” дар МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” изҳори хушнудӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ва омори матбуот дар ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, яке аз муассисаҳои пешсаф дар фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ ба шумор меравад. Феълан фаъолияти муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ буда, таҳияи “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Феҳристи китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чопи дастурҳои библиографию методӣ дар он ба роҳ монда шудааст. Имрӯз муассиса бо компютерҳои насли нав ва дастгоҳҳои нусхабардории баландиқтидори “ABC-SCAN” муҷаҳҳаз буда, тавассути ин дастгоҳҳо рақамигардонии бойгонии муассиса ба роҳ монда шудааст.
Мақсад аз ифтитоҳи филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ низ дар он аст, ки донишҷӯёни соҳаи китобдорӣ ва табъу нашр дар рафти дарсҳо ва таҷрибаомӯзиҳо аз технологияи нави соҳавӣ, ки талаби замони муосир аст, бархӯрдор гардида, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ дар оянда барои пешрафти соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.
Саркитобшиноси шуъбаи
Агентии миллии ISBN
ва Маркази миллии ISSN
САЙОБИД Азизов







