Таърихи амирони манғитии Бухоро яке аз асарҳои машҳури устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки ҳамаи муҳиббону мухлисони устод Айнӣ ин асарро хондаанд ва ё дар борааш шунидаанд. Устод Айнӣ дар аввали китоб зери унвони «Як ду калима аз тарафи мураттиб» чунин гуфтааст: «Хонандагони гиромиро пинҳон ва пушида мабод, ки мураттиби ин авроқ дер боз дар бораи таърихи амирони манғитии Бухоро татабуъ ва ҷустуҷу доштам. Дар соли 1339 моҳи муҳаррам (сентябри 1920-и мелодӣ) ба муносибати инқилоби кабири Бухоро ба воситаи маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» порча-порча нашраш оғоз карда шуд.
Чун шуъбаи нашриёти давлатии ҷумҳурияти Бухоро ва назорати маорифи Бухоро ҷамъ ва тадвини ин авроқи парешонро хоҳиш намуд, дигар бора хеле саъй ва кушиш ба кор бурда бо ҳак (пок кардан) ва ислоҳ ва бо илова ва тафсили баъзе мавориди вақоеъ ва таини мабаъ ва маъхазҳо дар қайди калимот кашида шуд».
Устод Айнӣ дар ин китоб аз таърихи ҳукмронии аввалин амири манғитии Бухоро Раҳимхон ибни Ҳаким оғоз карда, то ба охирон сулолаи онҳо Амир Олим дар бораи ҳаёту фаъолият, тарзи ҳукмронӣ, авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва бархе ҳодисаҳои ба вуқуъпайвастаи даврони онҳо сухан карда, дар охир чунин қайд кардааст: «Муддати ҳукумати Амир Олим аз рӯзи ҷулус (ба тахт нишастан) то рӯзи фирораш аз Бухоро ба ҳисоби қамарӣ: 9 солу 11 моҳу 11 руз ва ба ҳисоби шамсӣ: 9 солу 7 моҳу 25 руз аст. Амирони манғитӣ аз соли 1170 ҳиҷрӣ то соли 1338 муддати 168 сол дар Бухоро ҳукмронӣ кардаанд». Устод Айнӣ китобро бо овардани латифа ҷамъбаст намуда, сарчашмаҳои истифода бурдаашро ёдовар шудааст. Дар охир феҳристи фаслҳо ва саҳоифи онҳо, феҳристи (калимаҳои) хато ва савоб (дуруст) бо муайян намудани саҳифа ва сатри он ҷой дода шудааст.
Ин китоб соли 1923 ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи форсӣ дар шаҳри Тошканд бо теъдоди 3000 нусха чоп шудааст.
Манбаъ: Пиров, С. Муаррифии "Таърихи амирони манғитии Бухоро"-и Садриддин Айнӣ (чопи соли 1923) [Матн] / С. Пиров // Репертуари китоби солҳои 1922-1930-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ. – Душанбе: Кайҳон, 2021. – С.11-12.
Китобшиноси дараҷаи I-и шуъбаи
маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва омори матбуоти
МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”
Пиров СИРОҶИДДИН







