МАҶЛИСИ НАЗДИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ‎‎“ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН”‎

   Санаи 19-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ҷамъомади навбатии назди директори муассиса, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ - Зафари Шариф баргузор гардид, ки дар он аҳли раёсат, мудирони шуъбаҳо, мутахассисон ва кормандон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба рушди фаъолияти китобдорӣ, такмили низоми рақамгузории стандартии байналмилалии китоб (ISBN), таҳияи Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати стандарти нашр, ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзу нигоҳдории мероси чопӣ муҳокима шуданд.
   Зимни баромади худ Зафари Шариф ба нақши муҳимми Хонаи китоб дар ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ ва муаррифии маҳсулоти чопии кишвар таъкид намуда, иброз дошт, ки дар шароити муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ ва такмили пойгоҳи иттилоотӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, масъалаи омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва баргузор намудани чорабинии фарҳангиву маърифатӣ дар муассиса мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
   Қайд гардид, ки Хонаи китоб ҳамчун маркази муҳимми библиографӣ бояд дар инъикоси арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, ба кормандон дастур дода шуд, ки фаъолияти пажуҳишиӣ-библиографии худро густариш дода, маводи марбут ба Наврӯзро ҷамъоварӣ ва ба таври муназзам пешниҳод намоянд.
   Дар анҷоми ҷамъомад роҳбари муассиса ҳамагонро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба кормандон ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳо, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулиятшиносӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.