Наврӯз аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои ниёгони мо ба шумор рафта, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, поксозии қалбу рӯҳ ва эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ мебошад. Бо фарорасии ин ҷашни зебо табиат либоси сабз ба бар карда, замин аз нав зинда мешавад ва инсон низ бо умеду орзуҳои нек ба сӯи фардои дурахшон қадам мегузорад. Ин ҳама нишонаи он аст, ки Наврӯз танҳо як ҷашн нест, балки мактаби бузурги ахлоқ, инсондӯстӣ ва фарҳанг мебошад.
Наврӯз моро ба сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд. Дар ин айёми зебо мардум бо дилҳои пок ва ниятҳои нек ба ҳамдигар дасти дӯстӣ дароз намуда, кинаву адоватро аз қалбҳои худ дур месозанд. Ин аст, ки Наврӯз дар таърихи миллати мо ҳамчун ҷашни муттаҳидсозанда ва таҳкимбахши арзишҳои миллӣ шинохта шудааст.
Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» ҳамчун маркази муҳимми фарҳангиву маърифатӣ дар рушди соҳаи китобдорӣ, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, бақайдгирии адабиёти чопӣ ва пешбурди фаъолияти библиографӣ нақши назаррас дорад. Кормандони муассиса бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба касб дар самти ҷамъоварӣ, ҳифз ва таблиғи осори илмиву адабӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Наврӯз барои мо имконияти хубест, то бори дигар ба арзишҳои миллӣ рӯ оварда, фарҳанги бойи ниёгонро гиромӣ дорем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Хонаи китоби Тоҷикистон дар ин раванд метавонад ҳамчун як маркази муҳими иттилоотӣ ва фарҳангӣ нақши муассир бозида, тавассути захираҳои худ ба инъикоси анъанаҳо ва расму оинҳои наврӯзӣ мусоидат намояд.
Дар ин айёми фархунда ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, рӯҳи болида, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва барори кор орзумандам. Бигзор дар ҳар хонадон фазои оромиву осудагӣ ҳукмфармо буда, меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша пойдор бошад.
Наврӯзатон муборак бод!







