БОЗТОБИ ТАҲҚИҚИ БИБЛИОГРАФИЯИ КИШОВАРЗӢ ДАР ОСОРИ ИЛМИИ БӮРИЕВ ҚУРБОНАЛӢ БОЗОРОВИЧ (АБДУРАҲИМЗОДА ҚУРБОНАЛӢ БОЗОР)

  Соҳаи китобдорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири рушду такомул ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани ин бахши муҳими илм иқдомҳои шоиста амалӣ гардида истодаанд.

  Дар ин замина зарур шуморидем, ки перомуни рӯзгору осори илмии яке аз муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ, номзади илми таърих, дотсент, шодравон Бӯриев Қ.Б. (Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор) пажуҳиши мукаммалеро ба анҷом расонида, саҳми ӯро дар рушди илми китобдорӣ ва библиографияшиносии тоҷик ба таври васеъ инъикос намоем, зеро ин пажуҳишгар дар рушду камолоти соҳаи мазкур хидмати арзанда намудааст.

  Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ-пажуҳишии Қурбоналӣ Бӯриев пеш аз ҳама аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ ба монанди д.и.п., профессор С. Сулаймонӣ, н.и.п, дотсент Р. Шарофзода, н.и.п., дотсент Б. Сайфуллозода, н.и.п., дотсент С.Ҳ. Шосаидзода, н.и.п., дотсент Ш. Комилзода, н.и.п., дотсент Қ. Ғуломзода, дотсент Г. Маҳмудов, Ҷ. Раҷабов, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос С.С. Нодирзода, О.В. Титова, Б. Гуленова, А. Абдусамадов мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҳамчунин паҳлуҳои дигари фаъолияти Қ. Бӯриев дар мақолаҳои як қатор муҳаққиқони дигар ба монанди д.и.ф., профессор М. Муродӣ, А. Оқилов, Т. Некқадамов, Б. Каримзода, Х. Раҳимҷонов инъикоси худро ёфтааст.

  Қурбоналӣ Бӯриев шахсияте буд, ки дар таърихи халқи тоҷик дар риштаи илми библиография корҳои намоёнро ба анҷом расонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буд.

   Ба фаъолияти илмию амалии Қ. Бӯриев н.и.п., дотсент С.Ҳ. Шосаидзода баҳои баланд дода, паҳлуҳои муҳими зиндагӣ ва осори илмии ӯро дар мақолаи хеш таҳти унвони «Донишманди некрою равшанзамир» [3, с. 558] чунин ба қалам додааст: «Яке аз чеҳраҳои тобон ва донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ, муҳаққиқи библиографишиносӣ, библиографияи кишоварзӣ, китобшиносӣ ва таърихи китоби тоҷик Бӯризода Қурбоналӣ Бозор санаи 20-уми ноябри соли 1964 дар деҳаи Қуштеппаи колхози Россияи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таваллуд ёфтааст.

  Қ. Бӯриев соли 1982 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, баъди як соли таҳсил ба хизмати Ватан-Модар сафарбар мегардад. Мавсуф солҳои 1983-1985 хизмати Ватан-Модарро дар Ҷумҳурии Қазоқистон сарбаландона адо намуда, аз ин мактаби мардонагӣ сабақи бузурги зиндагӣ омухта, баъди хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС соли 1985 таҳсилро дар донишкадаи номбурда идома додааст. Соли 1986 маъмурияти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон қобилияти донишандӯзӣ, одобу рафтори намунавиашро ба назар гирифта, ӯро барои минбаъд идома додани таҳсил ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Москва сафарбар менамоянд. Ин боргоҳи олии таълимиро соли 1988 бомуваффақият хатм намудааст.

  Бояд тазаккур дод, ки дар ташаккул ва инкишофи библиографияи тоҷик олимону муҳаққиқони зиёде саҳм гузоштаанд, ки Қурбоналӣ Бӯриев аз зумраи онҳост. Мавсуф донишманди соҳаи таърихи библиографияи кишоварзӣ, таърихи китоб, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ буда, аз давраи кор дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар самти рушди фарҳангшиносӣ ва масъалаҳои мубрами он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин нуқтаро муҳаққиқ Б. Каримзода дар мақолаи хеш таҳти унвони «Библиографияи кишоварзӣ» чунин ба қалам додааст. «Библиографияро илме дар бораи илмҳо ва илме дар бораи китобҳо низ мегӯянд. Аз қадимулайём ниёгони маърифатпешаи мо аз ин илм бархурдор буданд ва зимни эҷоди асарҳо тартибу қоида ва дастуроти ин илмро истифода мебурданд. Дар ин бора аз рисолаи номзади илмҳои таърих, дотсент Қурбоналӣ Бӯриев «Таърихи библиографияи кишоварзӣ, ки ба наздики дар шакли китоби алоҳида чоп шуд, маълумот хоҳед гирифт. Тавре аз унвони китоб маълум аст, он асосан танҳо ба як соҳа – кишоварзӣ, ки дар ҷумҳурии мо яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор меравад, бахшида шудааст... Муҳаққиқ дар рисолаи хеш сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои дар замони мо таълифшударо ба риштаи таҳлил ва таҳқиқ кашидааст. Бо боварии комил иброз медорем, ки Қ. Бӯриев шояд нахустин олими тоҷик бошад, ки таърихи пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзии тоҷикро таҳқиқ кардааст. Таҳқиқоти мазкур на танҳо таҳлилу баррасии библиографияи кишоварзӣ, балки маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, китобшиносӣ, таърихи китоб ва фарҳангшиносиро низ дар бар мегирад [2].

  Ҳарчанд Қ. Абдураҳимзода дар бахшҳои гуногуни илми китобдории тоҷик пажуҳишҳо ба анҷом расонидааст, аммо библиографияи кишоварзии халқи тоҷик таваҷҷуҳи ӯро бештар ҷалб намудааст. Ӯ таҳти роҳбарии академик Н.Н. Неъматов дар ин мавзуъ таҳқиқоти илмӣ ба анҷом расонида, соли 2001 онро бомуваффақият дифоъ менамояд. Доир ба ин мавзуъ асарҳои ӯ «Заминаҳои пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» (соли 2000, бо забони русӣ), «Таърихи кишоварзии Тоҷикистон (дар заминаи дастхатҳои кишоварзӣ)» (соли 2002, бо забони русӣ) таҳти роҳбарии академик Н.Н. Неъматов дастраси ҳаводорони соҳа мегардад. Муҳаққиқ пажуҳиши мавзуъро идома дода, соли 2010 монографияҳои «Таърихи пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» (бо забои русӣ)  соли 2011 рисолаи «Таърихи библиографияи кишоварзӣ» ва маҷмуаи мақолаҳои илмии «Библиографияи кишоварзии тоҷик: мавод барои омӯзиши фан» - ро манзури аҳли илм мегардонад.

  Тавре ишора гашт, Бӯриев Қ.Б аз ибтидои фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ба библиографияи адабиёти кишоварзӣ рӯй оварда, дар ин соҳа пажуҳишҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, ки «Адабиёти кишоварзӣ дар «Кашф-уз-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун» – и Ҳоҷӣ Халифа», «Библиографиянамоии адабиёти кишоварзӣ: таҳқиқи фаъолияти марказҳои библиографӣ», «Библиографияи кишоварзии тоҷик: Мавод барои омӯзиши фан», [«Вазъи библиографияи кишваршиносии тоҷик»], «Ганҷҳои пинҳон», «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯед» [Таҳлилӣ дастхатҳои кишоварзӣ], ««Зироатчигии лалмӣ» танзим шуд аммо…» [Вазъи китобшиносии соҳаи кишоварзӣ], «Қадаме дар омӯзиши осори ниёгон, «Китобхона ва соҳаи кишоварзӣ: [Библиографинамоии адабиёти кишоварзӣ дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ]», «Самтҳои умдаи библиографияи тоҷик дар давраи Сомониён», «Саҳми Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ дар китобшиносии адабиётӣ риштаи пахтакорӣ», «Таърихи библиографияи кишоварзӣ» [1] аз намунаи барҷастаи онҳост.

  Бояд зикр намуд, ки Қурбоналӣ Бӯриев аввалин муҳақиққест, ки  доир ба омузиши таърихи библиографияи кишоварзии тоҷик таҳқиқоти илмӣ гузаронида, маҳз бо ташаббуси ӯ дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода омузиши фанни библиографияи кишоварзӣ ҷорӣ гардидааст. Имрӯз шогирдони Қурбоналӣ Буризода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи патентӣ ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сарбаландона кору фаъолият менамоянд [3, с.618-624].

  Андешаву хулосаҳои муҳаққиқ хонандаро бо суннатҳои дерин ва решаҳои амиқи таърихии библиографияшиносӣ ва махсусан библиографияи кишоварзии тоҷик, инчунин ба яке аз машҳуртарин ва мукаммалтарин асари библиографии асри X - «Ал Феҳрист»-и Ибни Надим, феҳристи китобхонаи Сомониён «Савонеҳ ул ҳикмат», феҳрист дар таҳияи Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, асари библиографии XVII – и Ҳоҷӣ Халифа «Кашф уз зунун ан асомиил кутуби ва л фунун» оид ба адабиёту сарчашмаҳо бахшида ба соҳаи кишоварзӣ ошно месозанд [4, с.5]. Қайд кардан ҷоиз аст, ки рӯйхати осори муҳаққиқ калонҳаҷм [Оид ба дастурҳои кишоварзии КТИК] // Ҷавон. Тоҷик. – 1992. - 21 янв.; Бӯриев Қ. Б. «Зироатчигии лалмӣ» танзим шуд, аммо…[Вазъи китобшиносии соҳаи кишоварзӣ] // Ҷумҳурият. – 1992. – 20 февр.; Бӯриев Қ. Б. Китобҳои маҳбус [Оид ба дастурҳои аз назари мутахассисон дурмондаи соҳаи кишоварзӣ] // Саховат. – 1992. – 31 янв.; Бӯриев Қ.Б. Маданияти заминдории аҷдодон // Ваҳдат. – 2000. – сент. – С. 5.; Бӯриев Қ. Самтҳои умдаи библиографияи тоҷик дар давраи Сомониён // Фарҳанг ва ҳунар. – 2009. - № 3. – С. 23 -32.; Бӯриев Қ.Б. Саҳми Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ дар китобшиносии адабиётӣ риштаи пахтакорӣ // Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Ҷашннома / Таҳия ва виростории Р. Шарофзода. - Душанбе, 1993. - С. 69-74.; Бӯриев Қ. Б. Тарбуз доруест зидди касалиҳои гуногун [Порчаҳо аз нигоштаҳои ниёгон] // Саховат. – 1992.–30 апр.; Бӯриев Қ.Б. Таърихи кишоварзӣ [оид ба се дастхат] // Саховат.- 1992.- 6 март ва ғайра мебошанд.

  Бо мақсади огоҳӣ ва баҳрабардории ҳарчи бештари хонандагон дар ин мавод мақолаҳое низ ворид карда шудаанд, ки ба проблемаҳои муосири библиографишиносии кишоварзӣ бахшида шудаанд. Мутолиаи мақолаҳои мазкур ба хонандаи закӣ имкон медиҳанд, ки ба мақом ва саҳми марказҳои калонтарини библиографии мамлакат дар рушду нумуи назарияи библиографишиносии кишоварзӣ, ҷанбаҳои гуногуни китобшиносии онҳо ва дурнамои фаъолияти библиографӣ дар кишвар ошно гардад.

АДАБИЁТ

  1. Буриев, К.Б. Из истории сельскохозяйственной библиографии таджикского народа [Текст] / К.Б. Буриев // Вклад молодых ученых в изучении актуальных проблем общества / АН Республики Таджикистан, Совет молодых учёных. – Душанбе, 2000. – С. 60-63.
  2. Каримзода Б. Библиографияи кишоварзӣ [Матн] / Б. Каримзода // Садои мардум. – 2011. – 23 декабр.
  3. Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон Китоби VIII [Матн] / мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Бӯриев; муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, – 636 с.
  4. Шосаидов, С.Ҳ. Пешгуфтор [Матн] / С. Шосаидов // Буриев Қ.Б. Библиографияи кишоварзии тоҷик. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011. – С.3-7.
 
Асоева Обидамоҳ Абдулвоҳидовна – саркитобшиноси
шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрии
МД «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон»