Санаи 25-уми июни соли 2026 ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобшинос”-и назди Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши фарҳанги миллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” доктори фалсафа Ph.D доктор аз рӯи ихтисос Зафари Шариф оғоз гардида, меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният намуданд. Аз ҷумла, иброз намуданд, ки имсол мо дар кишвар 29-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем ва ҳамоиши имрӯза низ ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Таъкиди ҳамин андеша басо муҳим аст, ки таҷрибаи беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории Истиқлолу Ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомузи расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки натиҷаи ин ҳама ҳадафҳои бузург фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзу ояндаи миллат аст.
Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Фурқат дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ рукни асосии субот ва пешрафт” маъруза намуд. Аз ҷумла мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ташаббускор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Инчунин мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” Гадобек Маҳмудов дар мавзуи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди китобдории тоҷик” баромад намуда, зикр намуданд, ки барои ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тарғиби сулҳи тоҷикон нақши китобу китобхона бузург аст. Бахшида ба дастовардҳои сулҳи тоҷикон, Ваҳдати комили миллӣ беш аз 7000 маводи чопию электронӣ ба табъ расидаанд, ки тавассути онҳо коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андешаҳои худро баён кардаанд.
Нашри силсилаи китобҳои бисёрҷилда таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент», китобҳо ва маҷмуаҳои илмии «Ҳомии сулҳу ваҳдат», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Омилҳои Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Роҳи сулҳ бебозгашт аст», «Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон», «Достони ваҳдати миллат», «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Ваҳдатнома» ва дигар осори интишорёфта барои омузиш ва таҳқиқу баррасии ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сулҳу ризоият ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарофуддинов Суҳроб Саломович дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар Тоҷикистон” баромад намуда, зикр карданд, ки баъд аз гузаронидани музокироти сулҳи тоҷикон санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қабул гардид ва сарвари давлат Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар як радиф қарор додаанд. Дар охир қайд намуданд, ки имрӯз ҳар яки мо бояд Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Дар бахши мубодилаи афкор директори КВД “Таъминот ва савдои китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқи Завқӣ ва номзади илмҳои филологӣ, муовини директори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” Муҳаммаднабӣ Баёнӣ фикру андешаҳои худро доир ба нақши Ваҳдати миллӣ дар пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол баён намуданд.
Муовини Раиси ТИҲ “Китобшинос” Сайобид Азизов







