ТАТБИҚИ САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚӢ ОИД БА СОҲАИ ТАБЪУ НАШР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

  Санаи 10-уми июли соли 2026 дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба соҳаи табъу нашр дар даврони Истиқлол” мизи мудаввар баргузор гардид.

  Чорабиниро директори Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон”, доктори фалсафа Ph.D доктор аз рӯйи ихтисос Зафари Шариф оғоз намуда, иброз дошт, ки соҳаи табъу нашр дар заминаи дастгириҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул ёфта, дар муддати 35-соли соҳибистиқлолии кишвар ин самти муҳимми соҳаи фарҳанги кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Мавсуф дар идомаи суханронии худ баён доштанд, ки супоридани нусхаҳои ҳатмӣ дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, риоя ва талаботи амалии он вазифаи ҳар як муассисаи интишоротӣ ба шумор меравад. Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун гирандаи нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо маҳсуб ёфта, тайи солҳои охир аз ҷониби муассисаҳои нашриявӣ воридоти ҳама гуна осори чопӣ ба муассиса саривақт дастрас мегардад.

  Сипас, муҳаррири масъули Маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода доир ба “Вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ дар асоси қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуд. Ӯ дар рафти баромади худ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, ки аз 26-уми декабри соли 2011 таҳти №792 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” аз 31-уми августи соли 2012 таҳти № 453 ба тасвиб расидаанд, ёдовар шуда иброз дошт, ки Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” яке аз татбиқкунандагони санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт ба шумор меравад.

  Инчунин, аз ҷониби директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар” Умед Ҳамзазода доир ба мавзуи “Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони Истиқлол” маъруза ироа гардид. Номбурда дар баромади худ қайд намуд, ки дар баробари пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат соҳаи фарҳанг, минҷумла бахши табъу нашр рӯ ба пешрафт намуда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ноширони кишвар як қатор имтиёзҳои зарурӣ дода шуд. Ин падидаи нек боиси он гардид, ки нашри китобҳо ва дигар осори чопӣ бо сатҳ ва сифати баланд ба нашр расида истодааст.

  Дар идомаи чорабинӣ Сардори шуъбаи маркетинг ва рушди КДПТ “Китобхонаи давлатии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорёри Саидаъзам доир ба “Мафҳум ва объектҳои ҳуқуқи муаллиф” андешаҳои худро иброз намуд.

  Ҳамчунин мудири шуъбаи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмии Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” дар мавзуи “Истифодабарии рақами стандарти байналмилалии китоб – ISBN дар фаъолияти муассисаҳои табъу нашр: вазъ ва дурнамо” суханрони намуд.

  Пас аз анҷоми суханронии баромадкунандагон дар мубодилаи афкор директори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъминот ва савдои китоб” Содиқи Завқӣ ва муовини директори Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” Муҳаммаднабӣ Баёнӣ фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

  Саъдӣ Шамсиддинов – Сарнозири шуъбаи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ