Имрӯзҳо кулли мардуми шарафманду сарбаланд ва саодатманди Тоҷикистон аз неъматҳои бебаҳои Истиқлоли давлатӣ баҳра бурда, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарину азизтарин неъмати ҳаёт, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Маҳз фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа озодона метавонем таҳсил ва кору фаъолият намоем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки китобхонӣ, китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо вусъати ҳамаҷониба ёфт ва соҳаи китобдорӣ дар мамлакат беш аз пеш рӯ ба инкишоф ниҳод.
Иқдоми наҷибе, ки ахиран аз ҷониби Пешвои муаззами миллат гирифта шуд, ин рушди китобхонаҳои деҳот мебошад. Аз ҷумла, 30-юми июни соли 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қабули Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба назари мо ин иқдом дар баробари дигар иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар боло зикр кардем, боз як ташаббуси наҷиб дар соҳаи китобдорӣ ба шумор меравад. Зеро мақсади асосии барномаи мазкур «Мусоидат намудан ба рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо мебошад». Тавре аз гузоришҳо бар меояд, «Ҳадафи барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ иборат мебошад».
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои наврасону ҷавонон дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ шароити мусоиди китобхонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, солҳои охир дар ин самт тағйироти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳо, маблағгузории чопи осори гузаштагони соҳибкитоби мо, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёиёни эҷодкор ва тарғиби китобхонӣ дар суханрониҳояшон қобили зикри алоҳида мебошад. Ҳар шахси соҳибфарҳанг, хусусан ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо истифода намуда, баҳри донишандӯзӣ ва хештаншиносӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ҳамзамон дар тарғиби китобхониву китобдӯстӣ дар ҷомеа саҳм гузоранд. Дар ин радиф нақши китобхонаҳои шахсӣ низ дар тарғиби китобу китобхонӣ ва саводнок гардонидани ҷомеа хеле назаррас аст.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 96 китобхонаҳои шахси амал мекунанд. Фонди умумии китобхонаҳои шахси 221782 нусха мебошад.
Инчунин, дар китобхонаҳои шахсӣ 6 801 нусха китобҳои электронӣ мавҷуданд.
МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ, масъул ва таҳиякунандаи омори табъу нашри ҷумҳурӣ ва нозири Рақами стандарти байналмилалии китоб (ISBN) дар самтҳои зерин метавонад бо китобхонаҳои шахсии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намояд:
- МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун бойгонии маҳсулоти чопии миллӣ ба шумор рафта, тамоми маҳсулоти чопии кишварро ба қайд гирифта ва онҳоро барои истифодаи наслҳои оянда ба таври доимӣ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, мо метавонем дар тарзу усулҳои нигоҳдории осори чопӣ ва аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштани онҳо ба китобхонаҳои шахсӣ кумак расонем;
- Муассиса ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ба библиографиякунонии осори нашрии дар дохили ҷумҳурӣ нашршуда машғул мебошад ва ба воситаи дастури библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва феҳристи “Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тарғибу ташвиқи китобу китобдорӣ машғул мебошад. Дар ин замина метавонем намунаи дастурҳо ва феҳристҳои библиографии дар Хонаи китоби Тоҷикистон нашршударо ба китобхонаҳои шахсӣ дастрас намоем ва ба онҳо кумакҳои библиографӣ ва илмӣ-методӣ расонем;
- Муассиса ягона маркази омори табъу нашр буда, ҳамасола тибқи Оинномаи муассиса омори табъу нашри ҷумҳурӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар масъалаи омори табъу нашр дар ҷумҳурӣ низ мо метавонем ба китобхонаҳои шахсӣ ҳамкорӣ намоем;
- Китобҳои махзанҳои “Хонаи китоби Тоҷикистон” масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, техникӣ, технологӣ, адабиёт, санъат, педагогика, тиб, астраномия, кишоварзӣ ва ғайраро дар бар гирифта, дар доираи осори муассиса метавон даҳҳо рисолаҳои илмӣ доир ба соҳаҳои мухталиф таълиф намуд. Баъзе китобҳои арзишманди солҳои пеш дар дасти аҳоли мавҷуд аст, ки дар Хонаи китоби Тоҷикистон нестанд. Шояд аз ин гуна китобҳо дар китобхонаҳои шахсӣ низ нусхаҳои зиёд бошад ва дар Хонаи китоби Тоҷикистон аз онҳо мавҷуд набошад, мо метавонем бо мубодилаи китобҳо фондҳоямонро такмил диҳем;
- Баъзе сарчашмаҳое дар МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” нигоҳдорӣ мешаванд, ки дар китобхонаҳо ва бойгониҳои ҷумҳурӣ мавҷуд нестанд ва маҳз бо шарофати нигоҳдории ҳирфаии Хонаи китоб то ба имрӯз расидаанд. Соҳибони китобхонаҳои шахсӣ метавонанд аз ин китобҳо дидан намоянд ва ба таърихи Хонаи китоб, осори дар бойгонии он маҳфузбуда ошноӣ пайдо намоянд;
- Хонаи китоби Тоҷикистон барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантону докторантони соҳаи китобхонашиносӣ ва бойгонишиносӣ ҳамчун базаи таълимиву таҷрибавӣ бо дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ ва технологияи нави муосири инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Масъулони китобхонаҳои шахсӣ низ метавонад дар дарсҳои амалии Хонаи китоб ширкат намоянд ва дониши библиографӣ-инноватсионии худро такмил диҳанд.
- Таҳқиқотҳои библиографӣ ва илмии муассиса ҳар сол дар феҳристи библиографии давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, китобҳои “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон”, “Тавсифи китобҳо” ва ҳар панҷсола дар феҳристи библиографияи тарҷеии “Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” инъикос меёбанд, ки аз фаъолияти содиқона ва софдилонаи кормандони муассиса дарак дода, аз ҷониби муҳаққиқони соҳа сазовори баҳои баланд гардидаанд. Дар ин росто низ мо метавонем бо китобхонаҳои шахсӣ ҳамкорӣ намоем.
Маҷмуан, Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» боргоҳест, ки дар махзанҳои худ мероси илмӣ, адабию таърихии миллати тоҷик ва тамаддуни башариро даҳсолаҳо нигоҳ доштаву то ба замони мо расонидааст. Мавҷудият ва рушди фаъолияти он ба манфиати давлату миллат буда, зарур аст, ки он ҳамқадам ба замони муосир садсолаҳо дар ҳифзи осори миллӣ хизмат намояд. Ҳамзамон, Хонаи китоби Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки бо МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаҳои шаҳру деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои шахсӣ ҳамкорӣ намуда, саҳми худро дар рушди китобдории миллӣ гузорад.
Барои он ки хизматрасонии китобхонавӣ-библиографӣ ба категорияҳои гуногуни аҳолӣ дар сатҳи барои ҷомеа матлуб роҳандозӣ гардад, анҷом додани тадбирҳои зерин мувофиқи матлаб аст:
- Китобдорони китобхонаҳои шахсӣ бояд кӯшиш намоянд, ки фондҳои худро мунтазам такмилу ғанӣ гардонанд ва фаъолияти худро на танҳо бо ном, балки бо натиҷаҳои воқеии амалии худ нишон диҳанд;
- Ҳамасола теъдоди хизматрасониҳои худро ба хонандагон зиёд намуда, ҳисоботи дахлдорро оид ба сатҳи хизматрасонӣ, теъдоди хонандагон ва натиҷаҳои фаъолияти худ пешниҳод намоянд;
- Дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ», «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар озмунҳо хонандагони худро фаъолона ҷалб намоянд;
- Ташкили фондҳои электронӣ ва кушодани саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тарғибу ташвиқи китобу китобдорӣ, фаҳмонидани моҳияту бузургии китоб ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монанд ва тариқи интернет аз мавҷудияту фаъолияти худ дарак диҳанд.
- Пешниҳод менамоям, ки китобхонаҳои шахсӣ, ки аксарашон дар шаҳру деҳоти кишвар фаъолият менамоянд, барои худшиносиву хештаншиносии ҷавонон, пеш аз ҳама, муаррифии осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷик, аз ҷумлаи муаррифии беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон-ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор»-ро, ки ба тақвияти зеҳну шуури ҷавонон таъсири хуб доранд, дар фондҳои худ ин китобҳоро ҷой диҳанд ва наврасону ҷавононро ба мутолиаи онҳо ташвиқу тарғиб намоянд.
Хулоса, китобдори имрӯза бояд фаъолияти хешро тавре роҳандозӣ намояд, ки бо шарофати он хонандае, ки аввалин маротиба ба китобхона ташриф овардааст, дар ниҳоди хеш майли пайваста ба ин даргоҳ омаданро пайдо карда тавонад.
Инчунин, мо ворисони шахсиятҳое ҳастем, ки дар саҳифаи таърихи миллат ва тамаддуни ҷаҳон бо осори гаронарзишу пурғановати хеш мақоми шоиста касб кардаанд, аз ин рӯ, дарки масъулияти баланди ворисият моро водор месозад, ки сабақи китобхонӣ, китобдорӣ, китобнависӣ ва муҳимтар аз ҳама, баҳрабардории амиқу самарбахш аз мазмуну асрори китобро на танҳо ба фарзандони хеш, балки ба насли бани башар биомӯзонем.
ЗАФАРИ ШАРИФ,
доктори фалсафа (PhD)
доктор аз рӯи ихтисос,
директори МД «Хонаи китоби Тоҷикистон»







