ҶОИЗАИ БА НОМИ “ИСМОИЛИ СОМОНӢ” МУБОРАК БОШАД!

   Боиси ифтихору сарфарозист, ки устоди мо директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф бо Ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ” барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд, сарфароз гардиданд.

   Ин дастоварди арзишманд натиҷаи заҳматҳои пайваста, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, саҳми назаррас дар рушди китобдорӣ ва китобшиносии миллӣ ва талошҳои самарабахш дар роҳи ҳифз ва муаррифии китобу китобдорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

   Мо аҳли кормандон директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» Зафари Шарифро барои сазовор гардиданаш ба мукофоти баланди давлатӣ самимона табрик менамоем.

   Ба устоди азиз дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ ва илмӣ комёбиҳои нав, дастовардҳои арзишманд, саломатии бардавом ва дар рушди илму фарҳанги миллӣ саҳми боз ҳам бештар орзумандем.

   Ҷоиза муборак бошад!