Одам ва подшоҳи ҳайвонот [Матн]: афсона / муҳ. М. Шарифов. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2026. – 16 с.; 29 см. – 1000 н. – ISBN 978-99975-06-06-1
Муассисаи нашриявии “Адабиёти бачагона” барои хонандагони синни хурди мактабӣ силсилаи “Афсонаҳои халқи тоҷик”-ро нашр кард, ки ҳар ҷилд вобаста ба ҳаҷми афсона аз як то ду ва ё се-чор афсонаро дар бар мегирад.
Ин китоб яке аз ҷилдҳои ҳамин силсила буда, аз афсонаи “Одам ва подшоҳи ҳайвонот” ва “Рӯбоҳ ва лаклак” иборат аст.
Афсона як жанри аҷиби адабист, ки зеҳну андешаро инкишоф медиҳад, хаёлоти инсонро рангин мекунад. Забони модарӣ меомӯзад, донишу биниши одамиро ривоҷ медиҳад. Дар ниҳоди Шумо беҳтарин хислатҳои инсониро мепарварад.







