Амнияти иқтисодӣ: мафҳум ва саволу ҷавобҳо (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)

   Насриддинов, Ф.Б. Амнияти иқтисодӣ: мафҳум ва саволу ҷавобҳо (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) [Матн]: васоити таълимӣ-методӣ / Ф.Б. Насриддинов, А.С. Орипов. – Душанбе: Империал-групп, 2026. – 264 с. – ISBN 978-9906-9963-0-3

  Васоити таълимӣ-методии «Амнияти иқтисодӣ: мафҳум ва саволу ҷавобҳо (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)» ҳамчун як манбаи муҳими илмӣ-таълимӣ барои омӯзиши асосҳои назариявӣ ва амалии амнияти иқтисодӣ таҳия гардидааст. Ин васоит барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, магистрантон, унвонҷӯён, омӯзгорон, кормандони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамаи онҳое, ки дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ фаъолият менамоянд, пешбинӣ шудааст. Дар васоити мазкур масъалаҳои асосии амнияти иқтисодӣ, аз ҷумла моҳият ва мазмуни амнияти иқтисодӣ, манфиатҳои иқтисодии миллӣ, таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ, омилҳои таъсиррасон ба рушди устувори иқтисодиёт, амнияти молиявӣ, амнияти гумрукӣ, амнияти андоз, амнияти сармоягузорӣ, амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, амнияти иттилоотӣ ва дигар самтҳои муҳими амнияти иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Барои омӯзгорон ҳамчун дастури методӣ хизмат намуда, дар ташкили машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён истифода бурда мешавад. Барои кормандони мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳои марбут бошад, он ҳамчун воситаи такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи салоҳияти касбӣ аҳамияти муҳим дорад. 

  «Амнияти иқтисодӣ: мафҳум ва саволу ҷавобҳо (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)» як воситаи муосири таълимӣ-методӣ буда, барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани саводнокии иқтисодӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди низоми таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Маводи пешниҳодшуда метавонад ҳамчун сарчашмаи боэътимоди омӯзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, курсҳои такмили ихтисос ва фаъолияти амалии мутахассисони соҳа васеъ истифода гардад.