СОЛНОМАИ МАТБУОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ОЙИНАИ ТАЪРИХИ МАТБУОТ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ

 

   Бо сарфарозӣ ва ифтихори беандоза метавон иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, соҳаи табъу нашр низ ба таври назаррас рушд намуда, фаъолияти муассисаҳои нашриявӣ марҳила ба марҳила беҳтар гардидааст. Нашри китобҳои пурмуҳтаво, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму густурдаи рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои илмию оммавӣ далели равшани таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи табъу нашр мебошад.

   Ҷойгоҳи Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» дар самти ҳифз, нигоҳдорӣ ва бақайдгирии осори чопӣ басо муҳим ва арзишманд аст. Ин боргоҳи илмию маърифатӣ дар тӯли беш аз 91 соли фаъолияти худ корҳои назарраси илмию библиографӣ ва таърихиро ба анҷом расонида, дар рушди соҳаи китобдорӣ ва библиографияи миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.

   Қобили зикр аст, ки дар назди муассиса нашрияи илмӣ-библиографии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамояд. Нашрияи мазкур дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ мерасад. Дар он китобҳо, авторефератҳо, инчунин маводи рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои илмию оммавии тозанашр аз ҷониби мутахассисони шуъбаи библиографияи давлатӣ ҷамъоварӣ ва коркард гардида, мазмуну муҳтавои онҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад. Сипас, маълумоти зарурӣ дар шакли тасвирҳои библиографӣ таҳия ва дар саҳифаҳои «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода мешаванд.

   «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун дастури муҳими иттилоотию библиографӣ барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла кормандони китобхонаҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён, ки ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд, хизмат менамояд. Ин нашрия барои дарёфт ва истифодаи сарчашмаҳои зарурии илмӣ, омӯзиши таърихи матбуот ва таҳқиқи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.

   Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» густариш ёфта, дар назди кормандони он вазифа ва ҳадафҳои муҳиму созанда ҷиҳати татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, ҳифзи мероси гаронбаҳои маънавӣ ва рушди соҳаи библиографияи миллӣ гузошта шудаанд.

   Дар ин замина, «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар даврони соҳибистиқлолӣ мазмуну муҳтавои тоза касб намуда, доираи мавзуъ ва фарогирии иттилоотии он васеътар гардидааст. Дар баробари маводи таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, дар саҳифаҳои он маводи марбут ба сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва давлатҳои хориҷӣ, ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, фаъолияти вазорату кумитаҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин зиндагинома ва фаъолияти шахсиятҳои барҷаста, ашхоси наҷибу рӯзгордида гирдоварӣ ва дар шакли тасвирҳои библиографӣ пешниҳод карда мешаванд.

   Боиси хушнудист, ки чанде пеш шумораи № 1–3 барои соли 2026-и «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар матбааи ҶДММ «Сифат-чоп» бо рамзи муассисаи нашриявии «Ирфон» дар сатҳу сифати баланд ба нашр расид.

   Шумораи мазкур аз лиҳози фарогирии маводи библиографӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Аз ҷумла, дар бахши аввали он, ки ба китобҳо бахшида шудааст, 277 номгӯй китоб, дар бахши авторефератҳо 120 автореферат, дар қисмати маҷаллаҳо 951 мақола ва дар бахши рӯзномаҳо 1990 номгӯй мақола гирдоварӣ ва сабт гардидааст.

   Ин миқдори назарраси маводи библиографӣ бозгӯйи фаъолияти самараноки кормандони шуъбаи библиографияи давлатӣ ва саҳми арзандаи онҳо дар ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифии мероси чопии кишвар мебошад.

   Бешубҳа, «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ойинаи осори чопӣ дар муаррифии дастовардҳои илмию фарҳангӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва фароҳам овардани заминаи боэътимоди иттилоотӣ барои наслҳои имрӯзу оянда нақши муҳим дорад. Нашри мунтазами он идомаи мантиқии сиёсати фарҳангии давлат буда, дар рушди библиографияи миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

Акбар Аскарзода – мудири шуъбаи Нозироти стандарти
нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмии Муассисаи давлатии
“Хонаи китоби Тоҷикистон”