«Матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986-2025) маҷмуаи оморӣ» идомаи мантиқии нашрияи омории «Матбуоти РСС Тоҷикистон (1981-1985)» ба шумор меравад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи табъу нашр дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, теъдоди нашри китобҳо ва матбуоти даврӣ афзоиш ёфта, дар баробари ин, равандҳои нави ташаккул ва рушди соҳа ба миён омаданд. Маводи омории мазкур на танҳо барои китобшиносон, мутахассисон ва кормандони соҳаи табъу нашр аҳаммияти муҳим дорад, балки метавонад мавриди истифода ва баҳрабардории муҳаққиқон, донишмандон ва алоқамандони соҳаҳои гуногуни илм низ қарор гирад. Он барои омӯзишу таҳлили вазъи матбуот, фаъолияти табъу нашр ва таҳаввулоти ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон заминаи муфиди иттилоотӣ фароҳам меорад.
Зафари Шариф, директори МД «Агнетии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» дар пешгуфтори маҷмуаи оморӣ навиштааст:
Матбуот инъикоскунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дар инкишофи худшиносию худогоҳии мардум нақши ниҳоят босазо дорад. Китобҳо, маҷаллаю рӯзномаҳо ва дигар осори нашрӣ дар ҷамъияти имрӯза воситаи асосии маҳфуз нигоҳ доштан ва интиқол додани дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳангию сиёсӣ ба наслҳои оянда ба шумор мераванд. Матбуоти тоҷик аз оғоз то ба имрӯз барои рушди ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва таҳким бахшидани давлатдорӣ ва рушди пешрафти кишвар, нақши муҳим бозидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар навъи осори нашрӣ бо ҳадафи неку созанда чоп гардида, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии кишвар, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.
Барои дар оянда ташаккул додани маърифату маънавиёти мардум Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» (Хонаи китоби Тоҷикистон) аз соли 1935 то ба имрӯз, яъне дар тули 91 соли мавҷудияташ саҳми арзанда гузошта, то имрӯз барои ҷамъоварӣ кардану ҳифзу нигаҳдорӣ намудани иттилоот саҳми арзанда гузоштаву гузоштаистодааст. Имрӯз, дар замони соҳибистиқлолӣ низ мақсаду вазифаҳои муҳимро ба дӯш дошта, ҳамчун махзани гаронбаҳои таърихӣ, барои олимону пажуҳишгарон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун хизмат намуда, бойгонии он мероси маънавии миллат маҳсуб мегардад.
Муассиса ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ба библиографиякунонии осори нашрии дар дохили ҷумҳурӣ нашршуда машғул мебошад ва ба воситаи феҳристи библиографии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва феҳристи библиографияи тарҷеии «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тарғибу ташвиқи китобу китобдорӣ машғул мебошад.
Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» ва маъмурияти таъинотиаш яке аз гирандагони нусхаи ҳатмии ройгони маҳсулоти чопӣ буда, тамоми муассисаҳои табъу нашри ҷумҳурӣ новобаста аз тарзи моликиаташон маҳсулоти интишор намудаашонро бо теъдоди 3 нусха дар муҳлати 10 рӯзи баъди чоп ба муассиса ирсол менамоянд. Ҳамзамон, муассиса ягона маркази омори табъу нашр буда, ҳамасола тибқи Оинномаи муассиса омори табъу нашри ҷумҳурӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Мутаассифона аз соли 1985 инҷониб ин нишондиҳандаи муҳимми оморӣ нашр нагардид. Мо тасмим гирифтем, ки маводи омории аз соли 1986-2025-ро ҷамъоварӣ намуда, пешниҳоди муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ, табъу нашр ва омор гардонем. Зеро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дигаргуниҳои куллие дар бахши табъу нашр ба вуқуъ пайваст, ки теъдоди нашри китобу матбуоти даврӣ афзоиш ёфта, ҳамзамон таҳаввулоти зиёде дар ин соҳа ба миён омад. Маводи омории мазкур натанҳо барои китобшиносон ва кормандони соҳаи табъу нашр зарур аст, балки алоқамандони дигар соҳаҳои илм низ аз он метавонанд истифода ва баҳрабардоӣ намоянд.
Мо дар таҳияи омори мазкур анъанаи таҳиянамоии маводи омории қабл аз солҳои 1986 дар МД «Хонаи китоби Тоҷикистон»-ро идома дода, ҳамзамон дар баъзе ҳолатҳо навгониҳо низ ба назар мерасад, ки албатта талаби замони муосир аст. Маврид ба таъкид аст, ки бо рушди технологияи инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ ва нуфузи китобхонаҳои электронӣ дар замони муосир ҷиҳати ба инобат гирифтани омори китобҳо ва матбуоти даврии электронии дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда низ бояд андеша намуд.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони муассиса тасмим гирифтааст, ки барои ҷамъоварӣ, таҳия ва нашри маводи омории «Матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2026-2030» низ чораандешӣ намуда, чопи маҷмуаи омории мазкурро идома бахшанд.
Хонандагон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва ҳамаи алоқамандони соҳаи китобу матбуот метавонанд бо «Матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986-2025) маҷмуаи оморӣ» дар Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» шинос шуда, онро мутолиа намоянд. Маҷмуа ҳамчун манбаи муҳими иттилоотӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи таърихи матбуот ва рушди соҳаи табъу нашри кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ хизмат мекунад.
Шамсудинов САЪДӢ,
Сарнозири МД «Хонаи китоби Тоҷикистон»







