Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

  25-уми апрели 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
  Қабл аз маросими ифтитоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо, мероси таърихию фарҳангӣ, хӯрокҳои миллӣ ва анвои гуногуни меваҷоти Тоҷикистон доир гардид.
  Дар Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сатториён Матлубахон Амонзода ва Гао Чжэн, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи сиёсати муваффақу бобарори сарони ду давлати ба ҳам дӯст амалӣ гардида, қадами устуворест дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд.
  Ёдовар бояд шуд, ки дар барномаи фарҳангӣ ҳунармандони маҳбубу шинохтаи тоҷик оҳангу сурудҳои миллӣ, аз қабили шашмақому фалак ва сурудҳои халқиро иҷро намуданд, инчунин рақсҳои тоҷикӣ бо либосҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ гардиданд.
  Лозим ба ёдоварист, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 25-уми апрел оғоз ёфта, санаи 27-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Сиан низ идома меёбад.
 
Манбаъ: https://www.facebook.com/vfarhangtj