ТАҶҲИЗОТИ НИГОҲДОРӢ, РАҚАМИКУНӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ КИТОБҲОИ МД “ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН” БЕҲТАР КАРДА ШУД

  Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунӣ, ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” баргузор гардид.

  Лоиҳаи грантии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) амалӣ карда шуд. Дар маросими рӯнамоӣ ва ба истифода додани таҷҳизоти дар доираи лоиҳа воридгардида Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сатториён Матлубахон Амонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон – Фурута Кейко, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сэйдзю суханронӣ намуданд. Инчунин, дигар шахсони масъули тарафҳо иштирок карданд.

  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сатториён Матлубахон Амонзода зимни баромади худ қайд намуд, ки “лоиҳа барои ҳамқадам намудани соҳаи китобдорӣ ба замони муосир заминаи хеле хуб фароҳам меоварад. Алалхусус, рақамигардонии осори нашрӣ ва рӯ овардани китобхонаву муассисаҳои китобдорӣ ба технологияи ҷадиди муосир яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти ҳама соҳаҳои фарҳанг ҳамқадам бо замони муосир бошад. Аз ин рӯ, татбиқи лоиҳаи мазкур метавонад қадами устуворе барои беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ, рақамикунӣ ва истифодабарии китобҳои дигар муассисаҳои китобдорӣ бошад. Инчунин, дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, фарҳангу адаб, китобу китобхонӣ, илму маориф, рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия яке аз масъалаҳои меҳварӣ буданд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд”.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ва омори матбуот дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бақайдгирии тамоми анвои маҳсулоти чопии дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шуда, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои китобшиносӣ, библиографияшиносӣ, иттилоотшиносию китобхонашиносӣ, бунёди пойгоҳи маълумотии иттилооти библиографӣ, таҳия ва интишори нишондиҳандаҳои библиографияи давлатӣ, феҳристҳои гуногуни библиографӣ, маҷмуаҳои илмӣ ва омории матбуот, хулосаҳои илмӣ-таҳлилӣ, таҷдид ва таҳияи стандартҳои давлатии соҳаи китобдорӣ, китобшиносӣ, расонидани ёрии методӣ ба бойгониҳо, китобхонаҳо ва муассисаҳои табъу нашр, хизматрасонии иттилоотию библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба дӯш дорад. Инчунин, Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун Агентии миллӣ маркази ягонаи тахсисдиҳандаи Рақами стандарти байналмилалии китоб – ISBN маҳсуб меёбад. Бойгонии он захираи  ягонаи нашрӣ ва электронии китоб, ҷузва, матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвати фарҳанги миллии Тоҷикистон мебошад.

  Бо беҳтар шудани ҳолати техникии муассиса, раванди кор дар ин соҳа рӯ ба рушд ниҳода, ҷавонон низ метавонанд аз ин маркази илмию фарҳангӣ баҳрабардорӣ намоянд.