Дар таърихи давлату давлатдориҳо муассисаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки фаъолияти онҳо ба назар ноаён, вале дар ҳифзи хотираи таърихии миллат, фарҳангу маънавиёти он саҳми беназир доранд. Дар замони Шуравӣ Палатаи китоб бо Қарори Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз 14 - уми июли соли 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмӯаи китобхонаҳо» ва Қарори шӯрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 20 - уми декабри соли 1935 дар назди Комиссариати маорифи халқ ташкил ёфт. Аз рӯзҳои нахустини фаъолият Палатаи китоб ба ҷамъоварии китобҳои бо забони тоҷикӣ интишоргашта даст зада, муҷаҳҳазнамоии бо рафҳои китобмонӣ ва ҳифзу нигоҳдории онҳо оғоз менамояд. Нарасидани мутахассисон кори муассисаро ба қафо мекашид, гарчанде аз ҷониби давлат ба фаъолияти “Палатаи китоб” аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ диққати махсус дода мешуд, аммо дар асл вазифаҳои асосии худро бояду шояд иҷро карда наметавонист. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо барои беҳтаршавии фаъолияти «Палатаи китоб» ин қабули Қарори якҷояи КИМ ва Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бойгониҳои муҳими давлатии китоб бо осори нашрии дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон батабърасида» 11- уми августи соли 1937 буд. Дар асоси он як қисми нусхаҳои ҳатмӣ- назоратӣ ба Палатаи китоб ройгон ирсол мегардид. Фаъолияти солҳои аввали «Палатаи китоб» аз ҷамъоварии китобҳои бо забони тоҷикӣ, ки то ин давра дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Қазон чоп шуда буданд оғоз меёбад ва натиҷаи ин амалиёт китобҳои дар солҳои 1928 то 1937 нашршударо, ки ҷамъулҷамъ зиёда аз 2040 номгўйро ташкил медоданд бо теъдоди 16250 нусха дастрас намуда, ба бойгонии муассиса интиқол дода шуданд ва китобҳо то ба имрӯз дар бойгонии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» маҳфуз мебошанд.