Баъд аз таъсис ёфтани Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон, 20-уми декабри соли 1935, А.Саидаҳмадов ба ҳайси роҳбари ин муассиса таъйин шуда, дар ин вазифа то соли 1936 кор кардааст.
Баъд аз таъсис ёфтани Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон, 20-уми декабри соли 1935, А.Саидаҳмадов ба ҳайси роҳбари ин муассиса таъйин шуда, дар ин вазифа то соли 1936 кор кардааст.
Соли 1936 то 1937 К.Раҳимзода роҳбари Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъйин гардида, муддате фаъолият намудааст.
Солҳои 1937 - 1940 П.М. Борисов директори Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъйин шуд. Дар аҳди роҳбарии ин марди оқилу доно бойгонии омавии палатаро ба сарои Китобхонаи давлатии омавии Тоҷикистон ҷой доданд. Кормандони Палата бошанд, ба бинои нисбатан хубтар воқеъ дар майдони ҳозираи “Дӯстӣ” кӯчиданд.
Суяр Иброҳимов соли 1940 директори Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъйин шуда, то соли 1940 дар ин вазифа кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид. Соли 1946 Суяр Иброҳимов баъди баргаштан аз ҷабҳа дубора роҳбарии Палатаи давлатии китоби Точикистонро ба уҳда гирифта, то соли 1972 дар ин вазифаи пурмаҳсул кор кардааст. Суяр Иброҳимов роҳбари ғамхору доно ва дар кор хеле сахтгир буд.
Солҳои 1972 - 1980 Саид Миров директори Палата таъйин шуда, дар ин вазифа ҳашт сол фаъолият доштааст. Саид Миров соли 1918 дар деҳаи Мурғутгаи амлокдории Ванҷ, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1936 ба ҳайси муаллими мактаби ибтидоии ноҳияи Ғарм оғоз кардааст. Пас аз хатми Дорулмуаллимини Тошканд, то соли 1943 ба ҳайси сарвари яке аз мактабҳои ноҳияи Ванҷ кор карда, соли 1943 ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Баъди баргаштан аз ҷабҳа фаъолияти меҳнатии Саид Миров чунин чараён гирифтааст: солҳои 1946-1958- мудири шуъбаи маорифи халқи вилояти Ғарм, котиби кумитаи иҷроияи вилояти Ғарм, сарвари Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ, солҳои 1956-1966 – сардори Саруправленияи муҳофизати сирри давлатӣ дар матбуот (Главлит) дар назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон, аз соли 1966 то ба нафақа баромадан дар Кумитаи РСС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб (Госкомиздат) кор карда, аз соли 1972 то соли 1979 ба ҳайси директори Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Соли 1980 Мадамин Каримов директори Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъйин шуд. М. Каримов марди донишманд ва сахтгир буда, бо сахтгирию ҷиддияти худ аз роҳбарони собиқ фарқ мекард. Ӯ роҳбари меҳнатқарин буда, мудом дар сари мизи корӣ машғули таълифу таҳрири ин ё он мақола ва ё маводи чопӣ буд. М. Каримов баъди як соли роҳбарии муассиса ҳамчун маҷруҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба нафақа баромад, вале пас аз ба нафақа баромадан ҳам, барои бахши ӯзбекии «Солномаи мақолаҳо ва рӯзномаҳо» мавод ҷамъоварӣ менамуд.
Аз соли 1982 то соли 1988 Абдураҳмон Қурбонов сарварии Палатаи давлатии китоби Тоҷикистонро бо уҳда дошт. Бояд қайд кард, ки тамоми хислатҳои неки инсонӣ дар ниҳоди ӯ маъво гирифта буд. Азбаски А.Қурбонов роҳбари фозил ва мутахассиси кордону ботаҷриба буд, дар давраи роҳбарии ӯ фаъолияти муассиса хеле ривоҷу равнақ ёфта, ҳар сол дастурҳои мухталифу феҳрастҳои библиографӣ мунтазам аз чоп мебаромаданд.
Соли 1989 қобилияти кордонии Карим Қурбоновро ба назар гирифта, ӯро сарвари Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъйин намуданд. Марди наҷиб ва дорои бисёр хислатҳои неки инсонӣ буд. К.Қурбонов мутахассиси варзидаи соҳаи китобшиносӣ ва библиография буда, бо ҳамроҳии Ғаффор Ашӯров аз ҷумлаи нахустин фориғуттаҳсилони Институти китобдории шаҳри Маскав (ҳоло Институти фарҳанг) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳангоми кор дар Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон Карим Қурбонов донишҳои назариявии худро ба амалия пайваста мустаҳкам менамуд. Солҳои роҳбарии ӯ «Солномаи матбуот» бетаъхир саривақт бо сифати хуб аз чоп мебаромад. Бо ташаббуси ӯ Палатаи давлатии китоб аз категорияи дуюм ба категорияи якум гузаронида шуд. Таҷрибаи ғании корӣ ва дигар хусусиятҳои неки ин марди фозилу донишмандро ба назар гирифта, соли 1993 ӯро ба ҳайси мушовири вазир ба Вазорати матбуот ва иттилоот ба кор даъват намуданд.
Соли 1993 собиқ вазири маориф, доктори илмҳои фалсафа Зокир Вазировро сарвари Палатаи давлатии китоб таъйин намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ сохтори нави муассисаро тартиб дод. Вай мехост Палатаи давлатии китобро ба мақоми баланд бардошта, дар радифи муассисаҳои илмӣ (чун Институти илмӣ-тадқиқотӣ) бинад. Саъй менамуд, ки ба сохтори муассиса тағйирот ворид намуда, бо ҳамин роҳ маоши ночизи кормандони онро, ҳамчун ходимонии муассисаҳои илмӣ баланд бардорад. Зокир Вазировро баъди як соли роҳбарии муассиса ба кори дигар гузарониданд.
Соли 1994 Вазорати фарҳанг ва иттилоот вазифаи роҳбарии Палатаи давлатии китобро ба уҳдаи Ҳақдод Файзалиев вогузор намуд. Дар давраи роҳбарии Ҳ. Файзалиев бо саъю талошҳои пайгиронаи Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, кишвари мо ба узвияти Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб пазируфта шуд. Дар робита ба ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2005 таҳти № 239 ва фармони Вазорати фарҳанг таҳти №160 аз 26-уми октябри соли 2005 ба тасвиб расиданд, ки ҳамзамон дар асоси ин ду қарор Палатаи давлатии китоб ба Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти байналмиллалии китоб (СБРСК) – Хонаи китоби Тоҷикистон табдил дода шуда, намояндаи ин созмони бонуфуз дар кишвари мо ҳамин муассиса таъйин гардид. Аз ибтидои соли 2006 ба узвияти СБРСК пазируфта шудани ноширони ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Моҳи декабри соли 2011 номзади илмҳои филологӣ Бадалов Бадал Каримович ба вазифаи Директори СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон таъйин гардид. Б.Бадалов дар давраи роҳбарӣ барои пешравии фаъолияти муассиса, беҳтар намудани шароити кор ва баланд бардоштани маоши кормандон, тармиму таҷҳизи утоқҳои корӣ, бо компютерҳо таъмин кардани шуъбаҳо кӯшиши зиёде намудааст. Дар як муддати хеле кӯтоҳ ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳрасти библиографии китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991-2010) ба нашр расид. Ҳамзамон бойгонии Хонаи китобро бо таҷҳизоти ҳозиразамон таҷҳиз намуда, барои дар ҳарорати муайян нигоҳ доштани маводи нашрии воридшуда техникаи заруриро насб кардааст. Бояд гуфт, ки Б.Бадалов ҳамчун роҳбари кордон саҳми худро дар пешрафти муассиса гузоштааст.
Номзади илмҳои таърих, дотсент Абураҳимзода Қурбоналӣ аз 4-уми июни соли 2015 то 17-уми июни соли 2020 ба сифати Директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон” кор ва фаъолият намудааст. Абураҳимзода Қӯрбоналӣ (Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович) 20-уми ноябри соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1981-1982 дар Омӯзишгоҳи касби-техникии № 4 ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таҳсил кардааст. Солҳои 1982-1986 дар факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намудааст. Ҳамзамон дар даврони таҳсил солҳои 1983 – 1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Сипас барои такмилу тақвият бахшидани дониши худ соли 1986 ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги шаҳри Москваи Федератсияи Россия дохил шуда, онро соли 1988 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1988 оғоз намуда ба ҳайси омӯзгор ва сипас омӯзгори калони кафедраи библиографияшиносӣ дар факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода то соли 1993 кор кардааст. Аз соли 1993 то соли 1997 ба сифати аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро идома додааст. Солҳои 1997-1999 ҳамчун ходими хурди илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 1999 то соли 2001 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар саравал ба ҳайси библиографи калони шуъбаи илмӣ – методӣ ва библиографӣ ва сипас дар вазифаи мудири шуъбаи мазкур кор кардааст.
Нодирзода Сайзароб Сайали 16.05.1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси “Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (таъминоти иттилоотӣ)’’ хатм кардааст. Солҳои 2011-2012 дар вазифаи китобдори Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода фаъолияти кориашро оғоз намда, солҳои 2016-2018 мутахассиси пешбари Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва солҳои 2018-2019 мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи милли-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Сипас солҳои 2019-2020 дар вазифаи директори Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2020 то инҷониб ба ҳайси директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Солҳои 2015-2017 Магистратура ва солҳои 2018-2021 докторантураи ДДФСТ ба номи М.Турсунзодаро хатм намуда, ҳамзамон аз соли 2019 инҷониб омӯзгори муассисаи зикршуда мебошад. Дар мавзӯи “Марҳилаҳои ташаккул ва инкишофи библиографияи тоҷик дар замони шуравӣ: мушкилот ва дастовардҳо” рисолаи илмӣ навишта пешдифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 75 мақолаи илмӣ ва дастурҳои методиву библиографии “Одина Ҳошим: китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Ҳабиби фарҳанг: осорномаи эҷодӣ ва китобномаи Ҳабибов Шермуҳаммад”, “Ормони миллат: Роғун - бузургтарин сарбанди асри нав”, “Библиографияи библиографияи Тоҷикистон”, “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон” (Маҷмӯи мақолаҳо. – китоби 4, 5, 6), “Ҷадвали муаллифӣ”, “Омӯзиши Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” (ҳаммуаллиф) мебошад. Бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Шоҳҷоизаи озмуни “Китобдори сол – 2022” қадрдонӣ гардидааст.