Солҳои 2013, 2015 дар Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ду маротиба сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. Соли 2024 дар озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» соҳиби “Шоҳҷоиза” ва дар озмуни ҷумҳуриявии байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳангу санъати кишвар «Муаллими сол - 2024» сазовори ҷойи якум гардидааст.
Бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019) ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2024) сарфароз гардидааст.
Моҳи майи соли 2025 дар мавзуи «Таъмини инноватсионӣ-методии китобхона – омили рушди фаъолияти он (дар мисоли китобхонаҳои давлатию оммавии Тоҷикистон)» рисолаи илмии худро дифоъ намуда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D091000–Кори китобдорӣ (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ) комёб шудааст. Моҳи августи соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон сарфароз шудааст.
Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.







