Миров Саид

  Солҳои 1972 - 1980 Саид Миров директори Палата таъйин шуда, дар ин вазифа ҳашт сол фаъолият доштааст. Саид Миров соли 1918 дар деҳаи Мурғутгаи амлокдории Ванҷ, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1936 ба ҳайси муаллими мактаби ибтидоии ноҳияи Ғарм оғоз кардааст. Пас аз хатми Дорулмуаллимини Тошканд, то соли 1943 ба ҳайси сарвари яке аз мактабҳои ноҳияи Ванҷ кор карда, соли 1943 ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Баъди баргаштан аз ҷабҳа фаъолияти меҳнатии Саид Миров чунин чараён гирифтааст: солҳои 1946-1958- мудири шуъбаи маорифи халқи вилояти Ғарм, котиби кумитаи  иҷроияи вилояти Ғарм, сарвари Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ, солҳои 1956-1966 – сардори Саруправленияи муҳофизати сирри давлатӣ дар  матбуот  (Главлит)  дар назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон, аз соли 1966 то ба нафақа баромадан дар Кумитаи РСС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб (Госкомиздат) кор карда, аз соли 1972 то соли 1979 ба ҳайси директори Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.