Қурбонов Карим

  Соли 1989 қобилияти кордонии Карим Қурбоновро ба назар гирифта, ӯро сарвари Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъйин намуданд. Марди наҷиб ва  дорои бисёр хислатҳои неки инсонӣ буд. К.Қурбонов мутахассиси варзидаи соҳаи китобшиносӣ ва библиография буда, бо ҳамроҳии Ғаффор Ашӯров аз ҷумлаи нахустин фориғуттаҳсилони Институти китобдории шаҳри Маскав (ҳоло Институти фарҳанг) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳангоми  кор  дар  Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон  Карим  Қурбонов донишҳои назариявии худро  ба амалия пайваста мустаҳкам менамуд. Солҳои роҳбарии ӯ «Солномаи матбуот» бетаъхир саривақт бо сифати хуб аз чоп мебаромад. Бо ташаббуси ӯ Палатаи давлатии  китоб аз категорияи дуюм ба категорияи якум гузаронида шуд. Таҷрибаи ғании корӣ ва дигар хусусиятҳои неки ин марди фозилу донишмандро ба назар гирифта, соли 1993 ӯро ба ҳайси мушовири вазир ба Вазорати матбуот ва иттилоот ба кор даъват намуданд.