Соли 1994 Вазорати фарҳанг ва иттилоот вазифаи роҳбарии Палатаи давлатии китобро ба уҳдаи Ҳақдод Файзалиев вогузор намуд. Дар давраи роҳбарии Ҳ. Файзалиев бо саъю талошҳои пайгиронаи Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, кишвари мо ба узвияти Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб пазируфта шуд. Дар робита ба ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2005 таҳти № 239 ва фармони Вазорати фарҳанг таҳти №160 аз 26-уми октябри соли 2005 ба тасвиб расиданд, ки ҳамзамон дар асоси ин ду қарор Палатаи давлатии китоб ба Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти байналмиллалии китоб (СБРСК) – Хонаи китоби Тоҷикистон табдил дода шуда, намояндаи ин созмони бонуфуз дар кишвари мо ҳамин муассиса таъйин гардид. Аз ибтидои соли 2006 ба узвияти СБРСК пазируфта шудани ноширони ҷумҳурӣ оғоз гардид.