Номзади илмҳои таърих, дотсент Абураҳимзода Қурбоналӣ аз 4-уми июни соли 2015 то 17-уми июни соли 2020 ба сифати Директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон” кор ва фаъолият намудааст. Абураҳимзода Қӯрбоналӣ (Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович) 20-уми ноябри соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1981-1982 дар Омӯзишгоҳи касби-техникии № 4 ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таҳсил кардааст. Солҳои 1982-1986 дар факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намудааст. Ҳамзамон дар даврони таҳсил солҳои 1983 – 1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Сипас барои такмилу тақвият бахшидани дониши худ соли 1986 ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги шаҳри Москваи Федератсияи Россия дохил шуда, онро соли 1988 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1988 оғоз намуда ба ҳайси омӯзгор ва сипас омӯзгори калони кафедраи библиографияшиносӣ дар факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода то соли 1993 кор кардааст. Аз соли 1993 то соли 1997 ба сифати аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро идома додааст. Солҳои 1997-1999 ҳамчун ходими хурди илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 1999 то соли 2001 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар саравал ба ҳайси библиографи калони шуъбаи илмӣ – методӣ ва библиографӣ ва сипас дар вазифаи мудири шуъбаи мазкур кор кардааст.
Солҳои 2001-2002 ба ҳайси муҳаррири калони шуъбаи илмӣ - методии Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кор кардааст. Аз соли 2003-2008 ҳамчун назоратчии саҳроии ва тренери калони барномаи «Пешгирии ҳолатҳои фавқулода»-и Ташкилоти байналмилалии CARE Internationale кор кардааст. Аз 18-уми майи соли 2009 то соли 2015 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 4-уми июни соли 2015 то 17-уми июни соли 2020 ба сифати Директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон” фаъолият намудааст. Дар даврони роҳбарии ӯ як қатор корҳои назаррас мавриди амал қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, соли 2018 ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити нигаҳдории китобҳои бойгонӣ ва таҷдиди дастгоҳҳои электронии муассиса Лоиҳаи грантии “Таъмини таҷҳизотҳои пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон”-ро барои маблағгузорӣ аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) пешниҳод гардид. Моҳи ноябри соли 2022 ҷиҳати амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур Ёдошти табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония, инчунин Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба имзо расид. Ҳамзамон, зери роҳбарии Абдураҳимзода Қ. таҳқиқоти лоиҳаи илмӣ дар мавзӯи «Таҳқиқи илмии бойгонии «Палатаи китоби Тоҷикистон», созмондиҳии репертуари мукаммали китоби миллӣ, феҳристи электронии «Китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (солҳои 2017 – 2021)» самаранок мавриди иҷро қарор гирифт, ки яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмии муассиса ба шумор мерафт. Абдураҳимзода Қ. бисёр роҳбари кордону ғамхор ва нисбат ба кормандон самимӣ буданд. Аз 17-уми июни соли 2020 Абдураҳимзода Қ. ба ҳайси муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, саннаи 19 июни соли 2021 аз олам даргузашт. Абдураҳимзода Қ. дар давоми 36 соли фаъолияти кории худ муаллифи 200 асару мақолаҳои таълимиву илмӣ ва методӣ мебошад. Заҳмату талошҳояш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони гардида соли 2016 ба ӯ медали “Хизмати шоиста” сарфароз дониста шуд. Ҳамчунин соли 2012 бо унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 2014) ва соли 2015 бо унвони “Аълочии маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдони карда шудааст.