Нодирзода Сайзароб Сайали

  Нодирзода Сайзароб Сайали 16.05.1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси “Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (таъминоти иттилоотӣ)’’ хатм кардааст. Солҳои 2011-2012 дар вазифаи китобдори Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода фаъолияти кориашро оғоз намда, солҳои 2016-2018 мутахассиси пешбари Шуъбаи нигоҳдории  депозитарӣ ва солҳои 2018-2019 мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи милли-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Сипас солҳои 2019-2020 дар вазифаи директори Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2020 то инҷониб ба ҳайси директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Солҳои 2015-2017 Магистратура ва солҳои 2018-2021 докторантураи ДДФСТ ба номи М.Турсунзодаро хатм намуда, ҳамзамон аз соли 2019 инҷониб омӯзгори муассисаи зикршуда мебошад. Дар мавзӯи “Марҳилаҳои ташаккул ва инкишофи библиографияи тоҷик дар замони шуравӣ: мушкилот ва дастовардҳо” рисолаи илмӣ навишта пешдифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 75 мақолаи илмӣ ва дастурҳои методиву библиографии “Одина Ҳошим: китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Ҳабиби фарҳанг: осорномаи эҷодӣ ва китобномаи Ҳабибов Шермуҳаммад”, “Ормони миллат: Роғун - бузургтарин сарбанди асри нав”, “Библиографияи библиографияи Тоҷикистон”, “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон” (Маҷмӯи мақолаҳо. – китоби 4, 5, 6), “Ҷадвали муаллифӣ”, “Омӯзиши Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” (ҳаммуаллиф) мебошад. Бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Шоҳҷоизаи озмуни “Китобдори сол – 2022” қадрдонӣ гардидааст.

 Аз соли 2016 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Нодирзода Сайзароб ҳамчун Директори Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” саҳми худро дар рушди фаъолияти китобдорӣ гузоштаистодааст. Бо вуҷуди он ки ҷавон аст, дар ҷодаи библиографияшиносӣ ва китобу китобхонашиносӣ қадамҳои ҷиддӣ ва устувор гузошта, доир ба рӯшди технологияи муосир дар соҳаи китобдорӣ андешаҳояш тавъам ба замони наванд. Дар давраи фаъолияти Нодирзода Сайзароб махзанҳои нигоҳдории китобу матбуот ва ҳуҷраҳои кории таъмир шуда, равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассиса татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, ба масъалаи аҳамияти таъсиси сомона, маъхазҳои электронӣ ва манзури хонандагон гардонидани мундариҷаи таркиби бойгонии муассиса таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида баҳри ҳифзу нигоҳдорӣ тамоми намуди осори нашрие, ки дар бойгонии муассиса нигаҳдорӣ мешаванд ва садсола таърихи миллатро бозгӯкунанда мебошад ба шакли электронӣ баргардон намояд. Зеро, рақамикунонии китобҳо, на танҳо ба идоракунии муосир ва самаранокии иттилоот мусоидат мекунад, балки оммаи мардум ба маълумот дар бораи китобҳои бойгонӣ тавассути саҳифаи сомона дастрасӣ пайдо мекунанд. Электроникунонии осори чопии бойгонии муассиса аз соли 2021 бо истифода аз дасгоҳи нусхабардории “ЭларСкан” роҳандозӣ гардидааст, ки истифодаи ин намуди дастгоҳҳо дар ҷумҳурӣ нахусттаҷриба мебошад. Нодирзода Сайзароб ҷиҳати омӯзиши заминавии лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикуннонӣ ва истифодабарии китобҳои Муасисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” саъю кушиш намуда, дар моҳи майи соли 2021 байни МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расонид. Инчкнин, моҳи ноябри соли 2022 ҷиҳати амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур Ёдошти табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония, инчунин Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба имзо расид. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур ташкили шароити хуби нигаҳдории китоб ва таъмини дастгоҳҳои технологияи муосир баҳри хубтар гардидани ҳифзи мероси фарҳангии кишвар, ҳамзамон эҳёи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ба шумор меравад.