НОДИРЗОДА САЙЗАРОБ САЙАЛИ

ДИРЕКТОРИ МУАССИСА

 Нодирзода Сайзароб Сайали 16.05.1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси “Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (таъминоти иттилоотӣ)’’ хатм кардааст. Солҳои 2011-2012 дар вазифаи китобдори Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода фаъолияти кориашро оғоз намда, солҳои 2016-2018 мутахассиси пешбари Шуъбаи нигоҳдории  депозитарӣ ва солҳои 2018-2019 мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи милли-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Сипас солҳои 2019-2020 дар вазифаи директори Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2020 то инҷониб ба ҳайси директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Солҳои 2015-2017 Магистратура ва солҳои 2018-2021 докторантураи ДДФСТ ба номи М.Турсунзодаро хатм намуда, ҳамзамон аз соли 2019 инҷониб омӯзгори муассисаи зикршуда мебошад. Дар мавзӯи “Марҳилаҳои ташаккул ва инкишофи библиографияи тоҷик дар замони шуравӣ: мушкилот ва дастовардҳо” рисолаи илмӣ навишта пешдифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 75 мақолаи илмӣ ва дастурҳои методиву библиографии “Одина Ҳошим: китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Ҳабиби фарҳанг: осорномаи эҷодӣ ва китобномаи Ҳабибов  Шермуҳаммад”, “Ормони миллат: Роғун - бузургтарин сарбанди асри нав”, “Библиографияи библиографияи Тоҷикистон”, “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон” (Маҷмӯи мақолаҳо. – китоби 4, 5, 6), “Ҷадвали муаллифӣ”, “Омӯзиши Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” (ҳаммуаллиф) мебошад.  Бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Шоҳҷоизаи озмуни “Китобдори сол – 2022” қадрдонӣ гардидааст.  Аз соли 2016 аъзои ҲХДТ мебошад.

БАЁНОВ МАҲМАДНАБӢ БАЧАҶОНОВИЧ

МУОВИНИ ДИРЕКТОР  

  Баёнов Маҳмаднабӣ Бачаҷонович 3-юми январи соли 1987 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2005 мактаби миёнаи №5 ноҳияи Панҷро хатм намуда, ба факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, донишгоҳи зикргардидаро соли 2010 ба итмом расонидааст. Фаъолияти кориашро аз соли 2010 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз NEWS»  оғоз намуда, то соли 2012 ҳамчун хабарнигор фаъолият намудааст. Соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» фаъолияташро идома додааст. Мавсуф солҳои 2012–2013 ба ҳайси мутахассиси пешбари Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ,  солҳои 2013–2014 ба сифати  сармутахассиси Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва баъдан солҳои 2014 –2015 дар вазифаи сардори Шуъбаи адабиёт доир ба фаҳанг ва ҳунар, солҳои 2015–2018 дар вазифаи сардори Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар баробари фаъолияти меҳнатӣ ҳамзамон, солҳои 2015-2018 дар бахши ғоибонаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ таҳсил намуда, онро бо муваффақият хатм намудааст. Солҳои 2018-2020 ҳамчун сардори шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» кор кардааст. Аз соли 2020 инҷониб ба ҳайси  муовини директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамзамон, аз соли 2015 инҷониб омӯзгори (ҳамкор) Кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов мебошад. Баёнов Маҳмаднабӣ Бачаҷонович дар давоми фаъолияти кориаш дар баробари чоп намудани мақолаҳо дар матбуоти даврӣ, инчунин дар таҳияи як чанд китобу маҷмуаҳои илмӣ саҳм гузоштааст. Аз ҷумла, дар таҳия ва нашри 3 ҷилди силсилаасари «Тоҷнома» иштирок кардааст. Ҳамчунин, соли 2015 китоби «Садои рӯшани субҳ»-ро, ки гузидаи ашъори шоирони муосири Эрон мебошад, аз хатти ниёгон ба ҳуруфи кириллӣ баргардон ва нашр кардааст. Яке аз мураттибони қисми 4, 5 ва 6 маҷмуи мақолаҳои “Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон” мебошад. Девони ғазалиёти Саҳобии Астарободиро низ хатгардон намудааст. Бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

МУРАДОВА НИГИНА КОМИЛҶОНОВНА

Мудири шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрӣ

  Мурадова Нигина Комилҷоновна 16 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2010 таҳсилот дар мактаби миёнаи таҳсилоти умуми №51 ноҳияи Фирдавсӣ. Солҳои 2011 то 2016 донишҷӯи факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода. Солҳои 2012-2015 Китобшиноси пешбари шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрии МД “Агентии миллии СБРСК - Хонаи китоби Тоҷикистон”. Солҳои 2016-2017 Саркитобшиноси шуъбаи библиографияи давлатӣ. Солҳои 2019-2020 Мудири шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрӣ. Солҳои 2021-2023 Мудири шуъбаи Агентии миллии ISBN ва маркази миллии ISSN. Аз моҳи ноябри соли 2023 то ҳол Мудири шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрӣ мебошад.

 

 

 

АБДУСАМАДОВ АКБАР АСКАРХОНОВИЧ

Мудири шуъбаи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ   

  Абдусамадов Акбар Аскархонович 4 марти соли 1985 дар н. Фархори в. Хатлон таваллуд ёфтааст. Солҳои 1992-2001 таҳсилот дар мактаби миёнаи №1 н. Фархор ва солҳои 2002-2003 мактаби миёнаи №31 н. Шоҳмансури ш. Душанбе. Солҳои 2005-2009 донишҷӯи факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Солҳои 2006-2009 муҳосиби молии Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм». Солҳои 2011-2013 мудири шуъбаи истеҳсолоти МН «Маориф ва фарҳанг». Солҳои 2013-2021 Саркитобшиноси шуъбаи библиографияи давлатии МД «АМСБРСК-Хонаи китоби Тоҷикистон». Аз соли 2021 то ҳол Мудири шуъбаи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ мебошад. Солҳои 2020-2023 донишҷӯи факултети китобдорӣ ва китобхонашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи соҳавӣ мебошад. Барои хизматҳояш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифокҳои касабаи соҳаи маориф ва фарҳанги ҶТ ва МД Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон  бо “Ифтихорнома” сарфароз гардонида шудааст.

АМИНОВ ФИРДАВС АМИНҶОНОВИЧ

Мудири шуъбаи Агентии миллии ISBN ва маркази миллии ISSN

  Аминов Фирдавс Аминҷонович 30 июли соли 1987 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) таваллуд шудааст. Солҳои 1994-2005 таҳсил дар мактаби миёнаи №7-и деҳаи Басманда ноҳияи Деваштич. Солҳои 2005-2010 донишҷӯи факултети фалсафа, ихтисоси сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2010-2011 Ассистенти кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Солҳои 2010-2011 Котиби илмии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ, Солҳои 2011-2012 Методисти дараҷаи дуюми шуъбаи илмӣ, методӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ, Солҳои 2012-2014 Мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои 2014-2015 Муовини сардори Маркази "Тоҷикшиносӣ"-и Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои 2015-2016 Муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 01.01.2016-31.05.2016 Сардори шуъбаи хизматрасонии библиографии Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 01.06.2016-20.01.2022 Сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20.01.2022-05.10.2023 Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз 14.11.2023 то ҳол дар вазифаи Мудири шуъбаи Агентии миллии ISBN ва маркази миллии ISSN-и Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди соҳаи китобдорӣ аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СИПОСНОМАҲО ва ИФТИХОРНОМАҲО қадрдонӣ гардидааст. Соли 2021 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шудааст. Email: Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.

ТИТОВА ОКСАНА ВЛАДИМИРОВНА

Мудири шуъбаи библиографияи давлатӣ 

  Титова Оксана Владимировна 10 майи соли 1972 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2010-2015 донишҷӯи факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода. Солҳои 2004-2010 Паҳнкунандаи матбуот дар ҶДММ “Тоҷикматбуот”. Солҳои 2010-2012 Саркитобшиноси шуъбаи библиографияи давлатии МД «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон». Солҳои 2012-2015 Мудири шуъбаи Агентии миллии ISBN ва Маркази миллии ISSN. Аз соли 2015 то ҳол Мудири шуъбаи библиографияи давлатӣ мебошад. Муаллифи якчанд мақолаи соҳавӣ мебошад. Барои пешрафти кори соҳаи китобдорӣ ва хизматҳояш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” бо “Ифтихорномаҳо” сарфароз гардонида шудааст.

 

 

БЕРДОВА ТАХМИНА ЭЛЧИБЕКОВНА

Мудири шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ ва омори матбуот

  Бердова Тахмина Элчибековна 20 июли соли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1983-1993 таҳсил дар мактаби миёнаи умумии №90-и ш. Душанбе. Солҳои 1994-1999 донишҷӯи факултети забонҳои русӣ-англисии Донишкакдаи давлатии забонҳо ба номи С.Улуғзода. Солҳои 1999-2001 мудири кабинети кафедраи "Забонҳои хориҷӣ"-и Донишгоҳи хусусии кушодаи Оли Сомон. Солҳои 2001-2011 китобшиноси пешбари шуъбаи “Маълумотдиҳии библиографӣ ва омори матбуот”. Солҳои 2011-2021 мудири шуъбаи Агентии миллии ISBN ва Маркази миллии ISSN. Аз соли 2021 то имрӯз мудири шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ ва омори матбуот мебошад. Барои хизматҳояш соли 2016 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.