Шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, Оинномаи Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК-Хонаи китоби Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мемонад.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба иборатанд аз:
- қабул, феҳристнамоӣ ва ҳифзи осори нашрии дар қаламрави ҷумҳурӣ ба табърасида;
- таҳлили ҳаррӯзаи қабули нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо;
- ҳифз ва ҷобаҷогузории китобҳои махзанҳо,таҷдиднамоии қуттиҳои китобҳо;
- феҳристнамоӣ ва бастабандии рӯзномаҳо;
- навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо оид ба рафти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷаттҳо”;
- иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ оид ба китобу китобдорӣ ва ҳолати кунунии муассисаҳои фарҳанги дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмин намудани осори чопӣ барои нашри “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- феҳристбандии ҳаррӯзаи воридоти нусхаҳои чопии ба муассиса воридгардида;
- ба анҷом расонидани чорабиниҳои ба масоили корҳои санитарию гигиенӣ дар шуъба;
- муоина намудани ҳолати (ташхисӣ) ҳуҷҷатҳои кӯҳнашуда.
Вазифаҳои шуъба
Вазифаҳои шуъба аз инҳо иборат аст:
- қабули доимии осори нашрии дар ҷумҳурӣ ба табърасида ва феҳрисбандии он;
- бақайдгирии матбуоти даврӣ ва бастабандии онҳо;
- таҳия ва пешниҳоди тасдиқномаҳои барои қабули нусхаҳои ҳатмӣ;
- дар дафтари инвентарӣ руйхати китобҳои воридшуда;
- гузаронидани инивентаризатсияи фонди китобӣ;
- мусоидат дар такмили сатҳи дониши тахассусии кормандони шуъба;
- муваққатан додани ашёи шуъба ба дигар бахшу шуъбаҳои муассиса барои истифодаи муваққатӣ;
- татбиқи нақшаи дурнамои корӣ, иштирок дар санҷиши фонди муассиса ва дигар китобхонаҳои кишвар;
- омӯзиш ва такмили ихтисос;
- риояи интизоми меҳнат дар шуъба;
- таҳияи нақша ва ҳисоботи шуъба;
Айни замон мудири шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрӣ яке аз мутахассисони соҳаи китобдорӣ МУРАДОВА НИГИНА КОМИЛҶОНОВНА мебошад.







